Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Олмон ба раиси ҷумҳури Эрон


Вазорати умури хориҷаи Олмон гуфт, агар Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури Эрон дар суханрони имрӯзааш дар Маҷмаъи кулли Созмони Милал қатли оми яҳудиёнро рад кунад, ҳайъати Олмон намоишкорона ҷаласаро тарк хоҳад кард. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Олмон гуфт, кишвараш мехоҳад, то дигар аъзои дигари Иттиҳодияи Аврупо ҳам ба он пайравӣ намуда ва “мавқеъи воҳиди худро” намоиш бидиҳанд. Ҳафтае пештар аз ин Маҳмуди Аҳмадинажод Ҳолокостро дурӯғ ва “як афсона” хонд. Рад кардани қатли оми яҳудиён дар Олмон ҷиноят маҳсуб мешавад, ки ин қатли ом дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум аз тарафи фашистони олмонӣ сурат гирифтааст. Франк-Валтер Штенмейер – вазири умури хориҷаи Олмон ҳафтаи гузашта гуфтаҳои Аҳмадинажодро маҳкум кард ва ӯро як беобрӯӣ барои Эрон хонд.
XS
SM
MD
LG