Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти деринтизори Барак Обама


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи сешанбе бо Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири Исроил ва Маҳмуд Аббос – раиси ҷумҳури фаластиниён, дар шаҳри Ню Йорк мулоқот кард. Ин мулоқоти сеҷониба пас аз гуфтугӯи як ба яки Барак Обама бо ду раҳбар сурат гирифт. Доир ба мӯҳтавои сӯҳбати сеҷониба ҳеҷ хабаре нашр нашудааст, агарчӣ ҳадаф аз он эҳёи музокироти аз ҳаракатмондаи сулҳ дар Ховари Миёна буд. Пеш аз оғози ин нишаст Шимон Перес – раиси ҷумҳури Исроил гуфт, фаластиниён набояд мунтазири хотимаи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар қаламравҳои ишғолӣ бошанд, ки ба гуфтаи нозирон, ба музокироти сеҷониба таъсири манфӣ гузоштааст.
XS
SM
MD
LG