Пайвандҳои дастрасӣ

Гурҷистон мегӯяд, Русия таниш бармеангезад


Ҳукумати Гурҷистон Русияро муттаҳам кард, ки бо фиристодани киштиҳои гаштзаниаш ба соҳилҳои Абхозистон, таниш барангехта ва ба амният дар минтақаи Баҳри Сиёҳ таҳдид мекунад. Вазорати умури хориҷаи Гурҷистон дар як баёнияе гуфт, эъзоми киштиҳо, “ногузир танишҳоро шиддат бахшида ва барои амнияти кишварҳои минтақа хатар эҷод мекунад.” Матбуоти Русия гузориш дод, ки киштиҳои Русия ба гаштзанӣ дар қаламравҳои обии Абхозистон шурӯъ кардаанд, ки Гурҷистон онро таҳти блокадаи иқтисодӣ гирифтааст. Нерӯҳои Гурҷистон чанде пеш як киштии туркиро боздошт карданд, ки мехост ба Абхозистони ҷудоихоҳ сӯзишворӣ интиқол бидиҳад.
XS
SM
MD
LG