Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Обама аз кишварҳои ҷаҳон


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар нишасти вижаи ҷаҳонии тағйири иқлим, ки имрӯз дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк шурӯъ шуд, ҷаҳонро ба муқобила бо тағйири иқлим даъват кард ва гуфт, нокомӣ дар амри ҳалли ин масъала мунҷар ба “фалокати ислоҳнопазире” дар солҳои наздик хоҳад шуд: "Ин як даврони нав аст. Ва ман ифтихор дорам, бигӯям, ки Амрико дар амри ташвиқи анвоъи поки энержӣ ва коҳиши партоби гази карбон тайи 8 моҳи гузашта кореро анҷом дод, ки дар ягон давраи дигари таърихаш анҷом надода буд.”
Раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао низ гуфт, ки кишвараш мизони партоби газҳои гулхонаиро ба як андозаи “қобили мулоҳиза” коҳиш хоҳад дод.Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун дар ифтитоҳи нишаст гуфт, агар паймони нави ҷаҳонӣ ҳамин сол тасвиб нашавад, ин аз лиҳози ахлоқӣ нобахшиданист. Ҳадафи нишасти имрӯза ҳамвор кардани роҳ ба тасвиби паймони нави байналмилалӣ дар анҷумани моҳи декабр дар Копенҳаген аст. Паймони Копенҳаген ҷойгузини паймони соли 1997 имзошудаи Киото хоҳад шуд. Интизор меравад, дар яке аз ҷаласоти нишасти имрӯза раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ суханронӣ кунад.
XS
SM
MD
LG