Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози иҷлоси Маҷмаи умумии СММ


Дар Ню Йорк Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 64-умин иҷлоси худро расман оғоз кард ва баҳсҳо дар ин ҳамоиш ҳафт рӯз идома хоҳанд ёфт.

Сарони зиёда аз 120 давлати ҷаҳон ва дар миёни онҳо бисёр чеҳраҳои барои Созмони Милал нав, ба монанди раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, дар ин ҳамоиш ҳузур доранд. Афғонистон, низои арабу Исроил, ояндаи минтақаи Кӯҳистони Қарабоғи Озарбойҷон аз мавзӯъҳои рӯзномаи бузург ва сангини нишаст хоҳанд буд.

Президенти Амрико, Барак Обама, нахустин бор аз минбари Маҷмаи умумии Созмони Милал паём дод. Вай рӯи раҳбарӣ ва ҳамкории шумори зиёди кишварҳо таъкид кард ва гуфт, ки посух ба таҳдидҳои замони муосир маҳз дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ хоҳад буд, на дар рафтори яктарафа ва худхоҳона.

Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Созмони Милал, Сузан Райс, мегӯяд, манзур аз таҳдидҳои муосир терроризм, наслкушӣ, хушунатҳои дастҷамъона, ҳамлаҳои интернетӣ, фаъолиятҳои ҳастаии Эрону Кореяи Шимолӣ, бемориҳои уфунӣ ва шабакаи ҷиноии байнулмилалӣ мебошанд. Райс мегӯяд, Амрико бар ин аст, ки амнияти он ба таври ҷудоинопазир ба осоиши мардум дар ҷойҳои дигар бастагӣ дорад.

Ассошиейтед Пресс мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд сухани Обама дар Маҷмаи умумии Созмони Милал бо назардошти тағйири лаҳн дар ҳамгироии ҷаҳонӣ ва талошҳои даст додан ба ҷаҳони ислом мавриди истиқбол қарор хоҳад гирифт.

Сарвазири нави Ҷопон, Юкио Ҳатояма, низ аз чеҳраҳои нави Созмони Милал хоҳад буд. Вай ба таъсиси як ҷомеаи минтақаии шабеҳ ба Иттиҳоди Аврупо дар Осиё даъват мекунад. Ҳатояма дар ҳошияи Маҷмаи умумӣ бо раисиҷумҳури Чин, Ҳу Ҷинтао, мулоқот дошт ва тибқи иттилои мақомоти ҷопонӣ, ҳарду раҳбар хостори беҳбуди равобит шудаанд. Эҳтимоли чунин беҳбуд ҳоло афзудааст, зеро Ҳизби демократи Ҳатояма пас аз 50 сол либералҳоро аз сари қудрат дур кард ва биниши наверо ба вуҷуд овард.

Обама бо Ҳатояма мулоқот хоҳад кард ва ҳамчунин ба таври ғайрирасмӣ бо раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ, ки дар 40 соли раҳбарияш бори аввал ба Маҷмаи умумӣ сафар кардааст. Намояндаи Либия, Алӣ Абдусалом Трекӣ, раёсати Маҷмаи умумии Созмони Милалро дар дӯш хоҳад дошт.

Обама инчунин бо президентҳои Русия ва Чин, Дмитрий Медведев ва Ҳу Ҷинтао низ мулоқот хоҳад дошт. Як раҳбаре, ки интизор намеравад бо Обама мулоқот кунад, раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод аст, ҳарчанд ҳарду ба зиёфати Дабири кулли Созмони Милал, Бан Ки-мун даъват шудаанд.

Ду созмони ҳомии ҳуқуқ ба Маҷмаъи умумӣ фишор меоранд, то пажӯҳишгари мустақилеро барои таҳқиқи нақзи ҳуқуқи инсон дар хушунатҳои пасоинтихоботии Эрон таъин намояд. Онҳо талаб доранд, бояд бо истифода аз ҳузури Аҳмадинажод масъалаи ҷавобгарӣ барои хушунатҳои Эрон баррасӣ гардад.

Бо Эрон ҳамчунин панҷ узви доимии Шӯрои Амният бо изофаи Олмон сари кор хоҳанд дошт, то мулоқоти якуми октябрӣ бо Теҳронро омода кунанд.

Ҳамзамон бо ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню Йорк бо ширкати сарони кишварҳо чанд нишасти дигар низ ҷараён хоҳад ёфт. Чунончӣ, рӯзи панҷшанбе Обама ҷаласаи Шӯрои Амният дар масъалаи адами гсутариши силоҳи ҳастаиро раисӣ хоҳад кард. Ва намояндагони гурӯҳи Ҷӣ-20 нишасти иқтисодии худро дар шаҳри амрикоии Питтсбург баргузор мекунанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки низ барои ширкат дар Маҷмаи умумӣ ба Ню Йорк сафар кардааст, рӯзи панҷшанбе бо Ҳиллаӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG