Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти тағйири иқлим дар Ню-Йорк оғоз ёфт


Имрӯз раҳбарони беш аз 100 кишвари ҷаҳон дар як нишасти вижа дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк ба баҳси роҳу шеваҳои муқобила бо тағйири ҷаҳонии иқлим шурӯъ карданд. Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун дар ифтитоҳи нишаст гуфт, агар паймони нави байналмилалӣ ҳамин сол тасвиб нашавад, ин аз лиҳози ахлоқӣ нобахшиданист. Ҳадафи нишасти имрӯза ҳамвор кардани роҳ ба тасвиби паймони нави байналмилалӣ дар анҷумани моҳи декабр дар Копенҳаген аст. Паймони Копенҳаген ҷойгузини паймони соли 1997 имзошудаи Киото хоҳад шуд. Мақомоти СММ умедворанд, ки нишасти имрӯза дар амри рафъи ихтилофи назари байни кишварҳои сарватманд ва дар ҳоли рушд дар мавриди шеваи мушорикат дар барномаҳои коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ мусоидат кунад ва қудратҳои бузурги дар ҳоли рушд, назири Чину Ҳинд, низ ба ин маърака бипайванданд. Интизор меравад, дар нишасти имрӯза раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат ва суханронӣ кунад.
XS
SM
MD
LG