Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забонҳои нодир ва таҳти хатар


Аз 24-ум то 26-уми сентябр дар Хоруғ ҳамоиш таҳти унвони «Забонҳои таҳти таҳдиди нобудшавӣ ва таърих» баргузор мешавад.

Сардори бахши хоруғии Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии Академияи улуми кишвар Шодихон Юсуфбеков изҳор дошт, ки дар ин ҳамоиш олимон аз 24 мамолики мухталифи дунё ширкат варзида, оид ба таҳаввулот ва ҳолати муосири забонҳои хурди бехат ва роҳҳои ҳифозати онҳо табодули афкор мекунанд.

Шодихон Юсуфбеков изҳор дошт, ки ба феҳрасти забонҳои хурди таҳти таҳдиди азбайравӣ қарордоштаи дунё чаҳор забон дар Тоҷикистон низ шомил шудаанд. Вай баён дошт, пажӯҳишгарон аз 9 забон ва гӯиши роиҷ дар байни мардуми Бадахшон сетои ин забонҳо –язгуломӣ, ринӣ (ишкошимӣ), рошорвӣ ва ҳамчунин забони яғнобиро миранда арзёбӣ намудаанд.

Мушкили забони ринӣ (ишкошимӣ) ин аст, ки бо он теъдоди ками мардум гап мезананд. Бо ин забон дар ноҳияи Ишкошим имрӯз каме беш аз 1000 нафар ҳарф мезананд ...
Доктори улуми филологӣ Лоло Давлатбеков соҳиби расмулхат набудани забонҳои хурдро омили асосии таҳдид ба онҳо мешуморад. Вай таълифи алифбо, истифодаи озодонаи ин забонҳо дар матбуоти маҳаллӣ ва таълими онҳо дар синфҳои ибтидоии макотибро шарти асосии рушду ҳифозати забонҳои нодири маҳаллӣ мешуморад.

Ба гуфтаи муҳаққиқ, аммо агарчи қонуни забон ҳифозат ва истифодаи озодонаи забонҳои помириро кафолат медиҳад, дар бархе аз маворид наҳваи мақомот ба маҳдуд кардани забонҳои маҳалли нигаронида шудааст.

Вай гуфт, вақе дар ҷаласаҳо сухан гуфтан ва дар садо ва симои маҳаллӣ изҳори назар ба ин забонҳо мамнӯъ аст, доираи истифодаи забон маҳдуд мешавад ва имконияти берун шудани он аз муҳити хонаводагӣ танг мемонад.

Шоир Лаълҷуббаи Мирзоҳасан нигарон аст, ки аз таъсири ҷаҳонишавӣ ва фарҳангҳои бузургтар рӯ ба нобуди ниҳодани забонҳои хурд торафт ба як раванди маъмулӣ табдил мешавад. Ба гуфтаи шоир, сокинони як деҳаи ҳануз чанд сол қабл ринизабон дар вулусволии Ишкошими Афғонистон алҳол куллан ба забони дарӣ гуфтугӯ мекунанд.

Аммо ба гуфтаи сокини деҳаи Рини ноҳияи Ишкошим Гулшан Муллоева, мушкилоти забони ринӣ фақат ин аст, ки теъдоди ками мардум бо он гап мезананд, вале шоирон бо ин забон шоирон эҷод мекунанд ва ҳофизон мехонанд. Бо ин забон дар ноҳия теъдоди каме бештар аз 1000 нафар ҳарф мезананд.

Ҳамоиши илмӣ бо ибтикори Академияи улуми ҷумҳурӣ ва Бунёди байнулмиллалии ҳифозати забонҳое, ки ба онҳо хатари азбайнравӣ таҳдид мекунад, баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG