Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди САҲА аз ҳамла ба "Республика"


Намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот Миклош Ҳарастӣ мусодираи ҳама нусхаҳои нашрияи мустақили "Респубилка" дар Қазоқистон ва мунҷамид кардани суратҳисобҳои бонкии нашрия дар ҳафтаи гузаштаро “хусумати ошкор дар қиболи матбуоти озод” номид. Қаблан “Республика” муваззаф карда шуд, барои нашри як мақолаи интиқодӣ ба бонки БТА 400 000 доллар бипардозад. Нашрия аз ин ҳукм шикоят бурда буд, вале ҳафтаи гузашта мақомоти додгоҳӣ ба манзури иҷрои ҳукм 23 000 нусхаи рӯзномаро мусодира карданд. Ҳарастӣ ин иқдомро “аломати талошҳо ба хотири аз байн бурдани яке аз садоҳои камчини интиқодӣ дар Қазоқистон” хонд. Қарор аст, Қазоқистон соли оянда ба курсии раёсати давраии САҲА бинишинад.
XS
SM
MD
LG