Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути як ҷанганда дар ҷануби Теҳрон


Матбуоти давлатии Эрон хабар дод, ки суқути як ҳавопаймои низомӣ, ки дар гашти низомӣ ба муносибати солгарди 29-уми оғози ҷанги Эрону Ироқ ширкат дошт, мунҷар ба ҳалокати 7 нафар шудааст. Телевизион Эрон овори сӯхтаи ин ҳавопаймои суқуткарда дар минтақае дар ҷануби Теҳронро намоиш дод. Хабагузории ИРНО гуфт, ки ҷанганда дар маҳалли рустои Валиобод суқут кардааст, вале баъди чанде ин хабарро аз сомонаи интернетиаш гирифт.
XS
SM
MD
LG