Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод аз авоқиби ҳамла ба Эрон ҳушдор дод


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, ягон кишвари ҷаҳон “ҷуръати кофӣ” надорад, ки алайҳи Эрон даст ба амали таҳоҷумӣ бизанад. Аҳмадинажод, ки дар як гашти низомӣ ба муносибати солгарди 29-уми оғози ҷанги Эрону Ироқ сухан меронд, аз гуфт, ҳар дасте ки чунин ҷуръат бикунад, пеш аз ин иқдом аз бозу қатъ карда хоҳад шуд.
Амрикову Исроил имкони иқдоми низомӣ алайҳи Эрон дар бастагӣ ба барномаҳои ҳастаии он кишварро сарфи назар намекунанд. Онҳо нигаронанд, ки ҳадафи Теҳрон даст ёфтан ба сохтани силоҳҳои ҳастаист, вале Эрон инро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG