Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти пулиси Фаронса алайҳи паноҳандагон


Пулиси Фаронса ба тахриби урдугоҳи худсаронаи муҳоҷирон дар наздикии шаҳри Кале, дар шимоли Фаронса оғоз кардааст. Нирӯҳои пулис субҳи имрӯз вориди хаймаҳои ин урдугоҳ шуда, ба берун кардани беш аз 200 муҳоҷир, ки ағлабаш аз Афғонистонанд, пардохтанд. Як гурӯҳи фаъолони маҳаллии ҳуқуқи башар талош кардаанд, дар атрофи урдугоҳ як занҷири зинда ба вуҷуд оварда, пеши роҳи пулисро бигиранд. Байни ин фаъолон ва нирӯҳои пулис занозаниҳое низ сурат гирифтааст.
Урдугоҳи Кале бошгоҳи беш аз 1500 муҳоҷирест, ки мехоҳанд тавассути гулӯгоҳи Ла-Манш ба Бритониё шино кунанд.
XS
SM
MD
LG