Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи нави Пентагон барои Осиёи Марказӣ


Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида нақшаи мустақар кардани нерӯҳои махсус ва сарачини Амрико дар кишварҳои Осиёи Марказиро омода кардааст.

Коршиносон онро вокуниш ба бадтарин эҳтимоли ташаннуҷи авзоъ дар ин минтақа мешуморанд. Қарор аст, ин нерӯҳо ба кишварҳои мизбон дар бархӯрд ба таҳдидҳои амниятӣ кӯмак расонанд. Дар ҳоле ки Вашингтон истифодаи чунин нерӯҳоро ба ҳолатҳои махсус бастагӣ медиҳад, яке аз шартҳо ин аст, ки то куҷо худи давлатҳои Осиёи Марказӣ хостори чунин кӯмак хоҳанд буд.

Ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида дар пайванд бо тағйири стратегияи худ дар ҷанги зидди терроризм барномаи наверо роҳандозӣ мекунанд, ки тибқи он, варзидатарин нерӯҳои вижаи Амрико метавонанд, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯмак расонанд. Кӯмаки онҳо аз омӯзониши нерӯҳои ин мамолик, ҳамдастӣ дар амалиёти мулкию низомии ҳифзи аҳолӣ, таҳкими тавонмандиҳои мухобиротӣ ва табодули иттилои иктишофӣ иборат буда метавонад.

Намояндаи дафтари матбуоти Ситоди нерӯҳои махсуси Амрико, Фред Кюблер мегӯяд, аз соли 2002 то ҳол ҷузвутомҳои махсуси кишвараш дар Афғонистон амал мекард. Амалиёти онҳо дар Афғонистон идома мекунад, аммо онҳо омодаанд, ба кишварҳое чун Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, махсусан дар риштаи таълими нерӯҳои вижаи ин мамолик ёрӣ расонанд.

Вале дар ҳоли ҳозир танҳо бо Покистон ва Қирғизистон дар ин ришта бархе аз созишҳо ҳосил шудааст. Кӯмаки нерӯҳои махсуси Амрико ба кишварҳои дигар пеш аз ҳама бо ризоияти онҳо ва дар ҳоли мавҷуд будани се шарт имконпазир мебошад. Аввалан, вақте ки беназмиҳои дохилӣ ба манфиат ё аҳдофи стратегии Иёлоти Муттаҳида таҳдид кунад. Дувум, давлати зери хатар имконияти ба таври самарабахш истифода кардан аз кӯмаки Иёлоти Муттаҳидаро дошта бошад. Ва, савум, кишвари зери таҳдид аз Иёлоти Муттаҳида расман тақозои кӯмак кунад.

Коршиноси масъалаҳои ҳарбӣ, Дудре Тинан мегӯяд, дар гузашта ин нерӯҳо дар Туркия вориди амал шудаанд.

Вай меафзояд, ин эҳтимолҳо ғайриодӣ нест, танҳо замони эълони тағйири стратегияи нерӯҳои Амрико бо назардошти ончи дар Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мегузарад, муҳим аст.

Тинан нокомиҳои ҷанги зидди Толибонро дар назар дорад, ки бо фирор ба Покистон дубора тақвият меёбанд ва вориди Афғонистон мешаванд. Инчунин баъд аз чанд амалиёти густардани нерӯҳои Покистон дар манотиқи қабиланишини ин кишвар эҳтимол меравад, бархе аз гурӯҳҳои тундрав ба кишварҳои Осиёи Марказӣ паноҳ бурда, вазъро дар онҳо осебпазир кардаанд.

Нерӯҳои махсуси Амрико аз беҳтарин ва машқдидатарин ҷузвутомҳои артиши ин кишвар иборат буда, танҳо дар ҳолатҳои вижа мавриди истифода қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG