Пайвандҳои дастрасӣ

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии озод, ки 21-уми сентябр дар шаҳри Хернинги Дания шурӯъ шуд, Тоҷикистонро ду варзишгар Юсуф Абдусаломов ва Виталий Корякин намояндагӣ мекунанд.

Юсуф Абдусаломов, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии соли 2007 ва Олимпиадаи Пекин-2008, рӯзи 22-юми сентябр дар даври 1/8 ниҳоӣ дар вазни то 84 кг бо гуштигири Литва Эдгарас Войтчовскис қувваозмоӣ хоҳад кард.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Виталий Корякин бошад, дар вазни то 60 кг дар даври 1/16 ниҳоӣ бо Залимхон Ҳусейнов, аз Озарбойҷон, қувва меозмояд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа ғолибон дар се вазн муайян шуданд. Кён Ил Ян (Кореяи Шимолӣ) дар вазни то 55 кг, Меҳдӣ Кирмонӣ (Эрон) дар вазни то 66 кг ва Ҳоҷимурод Гатсалов (Русия) дар вазни то 96 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.
XS
SM
MD
LG