Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли нирӯи барқ ба Узбакистон қатъ шуд


Тоҷикистон куллия ӯҳдадориҳои дар назди Тошканд доштаашро иҷро карда ва интиқоли нирӯи барқаш ба Узбакистонро қатъ кардааст. Тибқи қарордоди моҳи август имзошуда байни ширкатҳои барқи ду кишвар, Тоҷикистон муваззаф шуда буд, тайи моҳҳои август ва сентябр ба Узбакистон 500 миллион киловатт-соат нирӯи барқ диҳад. Душанбе то кунун ба кишвари ҳамсоя 402 миллион киловатт-соат ни рӯи барқ додааст, вале Узбакистон, ба гуфтаи сухангӯи ширкати “Барқи Тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ, аз интиқоли миқдори боқимондаи нирӯи барқ худ даст кашидааст.
XS
SM
MD
LG