Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзи Узбакистон барои равуо боз шудааст


Сафорати Узбакистон дар Душанбе ба хабаргузории “Азия плюс” гуфтааст, ки аз поёни ҳафтаи гузашта маҳдудиятҳои мавҷуда дар роҳи додани раводиди сафар ба шаҳрвандони Тоҷикистонро аз байн бардоштаанд. Ба гуфтаи сафорат, ин маҳдудият аз рӯзи 14 август дар пайи бурузи бемории сироятии таби хунӣ дар ноҳияи бо Узбакистон ҳаммарзи Турсунзода ҷорӣ шуда буд. Намояндаи сафорати Узбакистон гуфтааст, то кунун танҳо ба дипломатҳо, мусофирони транзитӣ ва ба онҳое, ки ба маросими дафни хешовандони хуб бояд мерафтанд, виза дода мешуд, вале акнун раводиди сафар ба Узбакистон бидуни маҳдудияте дода мешавад. Раёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон низ гуфтааст, ки убуру мурури шаҳрвандон тавассути марзи Узбакистон феълан ба сурати оддӣ баргаштааст.
XS
SM
MD
LG