Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори ҷиддӣ аз вазъи ноамни Афғонистон


Як генерали аршади амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон ҳушдор додааст, ки агар теъдоди сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон бештар нашавад, эҳтимолан мубориза бо тундравон ба шикаст хоҳад анҷомид. Рӯзномаи “Вашингтон Пост” як санади махфии арзёбии ҷанг дар Афғонистонро ба даст овардааст, ки онро генерал Стейнлӣ Маккристал ба Роберт Гейтс – вазири дифоъи Амрико фиристодааст. Интизор меравад, ки Стейнлӣ Маккристал ҳафтаҳои оянда хостори ирсоли сарбозони иловагӣ ба Афғонистон шавад. Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, гуфтааст, ки то кунун дар мавриди ирсоли нерӯҳои изофӣ ба Афғонистон қароре қабул накардааст.
XS
SM
MD
LG