Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вируси зукоми хук кушандатар нашудааст


Мудири Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дирӯз гуфт, онгуна ки дар аввали ҳамин сол тасаввур мерафт, вируси зукоми хук ҳанӯз тағйири хосият накарда ва кушандтар нашудааст. Аммо гуфт Маргарет Чен, аломатҳои аввалия нишон медиҳад, ки вируси зукоми хук хосияти муқовиматпазирӣ ба ваксина ба худ мегирад. Хонум Чен афзуд, зукоми хук ҳар вақт метавонад, бо тағйири хосият ба навъи кушандае табдил ёбад. Мудири Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт афзудааст, ки бузургтарин мушкил дар роҳи мубориза бо пандемияи зукоми хук, нокофӣ будани ваксина ба зидди ин беморӣ дар кишварҳои фақири ҷаҳон аст.
XS
SM
MD
LG