Пайвандҳои дастрасӣ

Таслиҳоти Чин ба сатҳи Ғарб расидааст


Вазири дифои Чин мегӯяд, кишвараш ба сатҳе расидааст, ки дар захираҳои он пешрафтатарин таслиҳоти ҳамсанг бо аслиҳаи тавлиди давлатҳои Ғарб мавҷуд аст. Лянг Гуанглӣ дар мусоҳибаи интернетии худ бо сомонаи ҳарбии кишвараш гуфт, бисёре аз системҳои таслиҳотии Чин баробар ё тақрибан баробар бо системҳои пешрафтаи ғарбиянд. Вай мушаххасан аз ҳавопаймои Ҷӣ-10, охирин анвои тонкҳо, киштиҳои ҷангӣ ва мушакҳои байниқоравӣ ёдовар шуда, онҳоро бузургтарин дастовардҳои саноати ҳарбии Чин номид. Лянг гуфт, ҳарбиён то соли 2020 ба механиконӣ ва компютерикунонии комили нерӯҳои мусаллаҳ даст хоҳанд ёфт ва то нимаи сада артиши комили модерн ба вуҷуд хоҳанд овард. Нерӯҳои мусаллаҳи Чин бо 2 миллиону 300 ҳазор сарбозу афсар дар ҳоли ҳозир калонтарин артиши дунё ба шумор мераванд.
XS
SM
MD
LG