Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Консерти овозхони маъруфи тоҷик дар Лондон


Садриддин Наҷмиддин, cарояндаи маъруфи тоҷик

Садриддин Наҷмиддин, cарояндаи маъруфи тоҷик

Cарояндаи маъруфи тоҷик Садриддин Наҷмиддин имрӯз барои ширкат дар як консерт, ки 27-уми сентябр дар Лондон баргузор хоҳад шуд, омодагӣ мегирад.

Ин барномаи консертӣ бо ибтикори ширкати афғонии «Қиём интертеймент» ташкил мешавад ва барои иштирок дар он се овозхони маҳбуби Афғонистону Эрон ва Тоҷикистон - Фарҳоди Дарё, Афшин ва Садриддин Наҷмиддин даъват шудаанд.

Садриддин, ки ҳоло дар пайи гирифтани раводид ба Лондон аст, мегӯяд, ӯ ба ин консерт омодагии ҷиддӣ мегирад ва бо таронаҳои тозаи худ ба сафар мебарояд, зеро ин нахустин сафари расмии ҳунарии ӯ ба хориҷ аз кишвар будааст.

Вай мегӯяд, ин «аввалин консерти расмӣ ва бузурги ман дар хориҷи кишвар аст ва тариқи телевизиёнҳои форсизабон ҳам таблиғ мешавад».

НАХУСТИН САФАРҲОИ ҲУНАРӢ БА ХОРИҶА

Аммо тавре медонем, дар сафар ба хориҷи кишвар ба вижа Амрико ва ҳунарнамоӣ дар толорҳои консертии ин кишварҳо ҳамроҳ бо овозхонони маъруфи эрониву афғонистонӣ Садриддин таҷрибаи беш аз дусола дорад. Ӯ сафари ҳунарӣ ва ташкили консертҳо дар берун аз кишварро миёни овозхонони ҷавони эстрадаи тоҷик ба як навъ «муд» табдил дод.

Садриддин мегӯяд, вай дар оғоз на бо даъвати вижа ва расмӣ, балки танҳо барои сабти таронаву видеоклипҳо ва ё бо дархости ашхоси алоҳида ба хотири ширкат дар ҷашнҳои мухталиф ба хориҷа сафар мекард. Вале баъдан ҳамин меҳмониҳои хусусӣ роҳи ӯро ба толорҳои консертии кишварҳое мисли Амрикову Канада боз кард ва ӯ низ акнун барои ширкат дар баробари овозхонони дигари форсизабон ба консертҳо даъват мешавад:

«Бо Лос-Анҷелес ба як ҷашни арӯсӣ рафта будам ва якбора ба ду консерти наврӯзӣ даъват шудам ва якҷо бо чанд овозхони дигари форсизабон дар он барнома ширкат кардем».


Аммо дар маҷмӯъ барои овозхонони эстрадаи тоҷик, ки вақтҳои ахир ҳарчӣ бештар дар пайи сафарҳои ҳунарӣ ва ташкили консертҳои хурди худ дар хориҷи кишваранд, феълан чунин имкониятро ширкатҳои афғониву эронӣ фароҳам меоранд.

Барои мисол, ҳама сафарҳои Шабнами Сурайё, ки ин рӯзҳо бо як барномаи консертӣ дар Канада ба сар мебарад, бо кумаки ширкатҳои мусиқии «Шаҳрзод интертеймент» ва «Даф интертеймент» сурат гирифтааст. Садриддинро ҳоло дар ин самт ширкати «Қиём интертеймент» сарпарастӣ мекунад.

МАҲБУБИЯТИ ОВОЗХОНОНИ ТОҶИК ДАР БАЙНИ ФОРСИЗАБОНОН

Нобовар Чаноров, овозхони тоҷик, ки соле гузашта барои ширкат дар ду барномаи консертӣ ба Аврупо даъват шуда буд, мегӯяд, ғолибан овозхонони тоҷикро ширкатҳо ва гурӯҳҳои масъул тариқи таронаҳои онҳо дар сомонаҳои интернетӣ пайдо ва онҳоро ба ҳамкорӣ даъват кардаву қарордод мебандад.

Вай афзуд, «нахуст солҳои 1998–99 вақте мо дар назди меҳмонони хориҷӣ баромад кардем, баъд аз чанд сол моро бо як барномаи ҳунарӣ ба муддати чор моҳ ба Амрикову Аврупо даъват карданд. Ҳамин тавр оҳиста-оҳиста даъватҳои мо тариқи таронаҳаву оҳангҳоямон тавассути Интернет ва дигар ҳунарнамоиямон дар консертҳо двр хориҷ аз кишвар шурӯъ шуд».

Ҳайбар Кучӣ, масъули ширкати «Трайвижн студиос», ки дар оғози соли равон консертҳои Шабнаму Ҷонибекро дар шаҳрҳои Амрико ташкил карданд, мегӯяд, онҳо овозхонони тоҷикро дар асоси оҳангҳои хуб ва маҳбубияташон миёни шунавандаҳои афғону форсизабони кишварҳои хориҷ интихоб мекунанд.

Ба қавли масъулини ширкати “Трайвижн студиоc”, барои роҳ ёфтан ба толорҳои консертии хориҷи кишвар овозхонони тоҷикро мебояд кору ҳунари худро бештар ташвиқ ва муаррифӣ кунанд.

АДАМИ ҚАДРДОНӢ ДАР ВАТАН


Аммо Садриддин Наҷмиддин, овозхони тоҷик, мегӯяд, феълан ҳунармандони тоҷик чунин имконро надоранд. Вай гуфт, «дар ватани худ қадрдонӣ намешаванд. Телевизион ва радиои озод надорем, ки шабу рӯз оҳангҳои ҳунармандони тоҷикро пахш кунанд. Ин як бадбахтии аслии овозхонони мо аст. Яъне набуди шабакаҳои махсуси мусиқии телевизионие мисли MTV ё PMS».

Вале овозхони дигари тоҷик Нобовар Чаноров мегӯяд, дар ташкили сафарҳои бузурги ҳунарӣ ва ҷалби сарпарастону ташвиқи овозхонон нақши коргардон ё продюсерҳо муҳим аст. Ба қавли ӯ, барои ин дар Тоҷикистон бояд марказҳои махсуси продюсерӣ фаъол бошанд.

Таҳмина Ниёзова овозхони ҷавон, ки соли қабл ғолиби озмуни панҷситора шуд мегӯяд, як роҳи хуби муаррифии худ ва пайдо кардани мухлис дар хориҷ аз кишвар ин ғанӣ гардонидаи репертуар бо забонҳои мухталифи дунё аст. Таҳмина, ки дар саҳнаи ҳунари тоҷик чеҳраи нисбатан нав аст, бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ - тарона сурудааст.

Вале бо ин ҳама ба ақидаи мусиқишиносон, барои роҳ ёфтан ба саҳнаҳои бузурги ҳунарии хориҷ аз кишвар ва ташкили консертҳои калон овозхонони тоҷикро мебояд, қабл аз ҳама ҳунари худро ба талаботи мусиқии ҷаҳонӣ мутобиқ созанд ва на бо барномаҳои хурде дар толорҳои кӯчак, балки бо консертҳои бузурги ҳунарӣ, барои доираи васеи мухлисони созу наво ба сафар бароянд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG