Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи ҷанг дар Рӯзи Сулҳ дар Афғонистон


Нерӯҳои давлати Афғонистон ва эътилофи таҳти сарварии Амрико ба муносибати Рӯзи байнулмилалии сулҳ ҳама гуна амалиёти ҳарбиро дар Афғонистон қатъ карданд. Сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон, Муҳаммадзоҳир Азимӣ гуфтааст, артиши Афғонистон агар ҳадафи ҳамла қарор нагирад, ҳеҷ гуна ҳамлае дар ин рӯз анҷом нахоҳад дод. 21-уми сентябр бо қарори Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1981 ба ин сӯ Рӯзи байнулмилалии сулҳ эълон шудааст. Дар соли 2002 дар маҷмаи умумии Созмони Милал тасмим гирифта шуд, ки оташбаси саросарӣ ва қатъи хушунат шиори рӯзи сулҳ баргузида шавад.
XS
SM
MD
LG