Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил эҳтимоли зарба ба Эронро рад намекунад


Сардори ҳарбиёни Исроил имрӯз гуфт, вай эҳтимоли ҳамла ба иншооти ҳастаиро Эронро рад намекунад. Генерал-лейтенент Габӣ Ашкинозӣ дар мусоҳиба бо Радиои артиши Исроил гуфт, кишвараш бо мақсади дифоъ аз хеш ҳамаи гузинаҳоро зери даст дорад. Исроил солҳост, эъломияҳои Теҳронро, ки барномаи ҳастаии он хосияти сулҳомез дорад, рад мекунад ва мегӯяд, дастёфти Эронро ба силоҳи ҳастаӣ, ки ошкоро бо Исроил хусумат меварзад, нахоҳад пазируфт. Изҳороти Ашкинозӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев гуфт, Шимон Перес дар ҷараёни сафараш ба Маскав, як рӯз пеш аз ин ӯро тазмин дод, ки Исроил қасди ҳамла ба Эронро надорад.
XS
SM
MD
LG