Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарабхонаи "Антисоветӣ" маҷбур ба тағйири ном шуд


Тарабхонаи "Антисоветӣ"-и Маскав таҳти фишори мақомоти маҳаллӣ маҷбур ба тағйири ном шуд. Мудири ресторан Александр Ванин ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ба ақидаи мақомот чунин унвони тарабхона ба иззати нафси собиқадорон мерасад ва агар номи он иваз нашвад, мавриди танбеҳу ҷарима қарор хоҳад гирифт. Тарабхонаи "Антисоветская", ки дар моҳи июл ба кор сар кард, рӯзи ҷумъа номи худро ба "Советская" тағйир дод. Бо вуҷуди он ки бисёрии русҳо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991-ро ҳодисаи мусбат мешуморанд, мавҷи носталжӣ ё ҳасрати замони шӯравӣ дар Русия боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG