Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон поёни Рамазонро ид карданд


Рӯзи душанбеи 21-уми сентябр дар саросари Тоҷикистон аз иди Фитр ё поёни моҳи мубораки Рамазон таҷлил шуд. Иди мазҳабии мусалмонон пас аз 30 рӯзи худдорӣ аз обу таом ва қаробати ҷинсӣ дар давоми рӯз ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи ид бо нидои кӯдакон ва талаби идонаи онҳо сар шуда, намози ид дар масҷидҳо, зиёрати мазори гузаштагон, аёдати беморону азодорон ва дидорбинии хешу пайвандон ва тиловати ояҳои Қуръони шариф онро идома медиҳанд. Иди Рамазон ё Фитр дар Тоҷикистон расман аз соли 1991 рӯзи таътил эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG