Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости ирсоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон


Ба навиштаи матбуоти Амрико, як фармондеҳи аршади Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар Афғонистон дар як номаи махфӣ ҳушдор додааст, ки бе нерӯҳои иловагӣ ҷанги зидди ошӯбгарон эҳтимолан бо шикаст ба поён хоҳад расид. Баёноти генерал Стенлӣ Маккристал дар бораи рафти ҷанг дар гузорише ба номи вазири дифои Амрико, Роберт Гейтс, рӯзи 30-юми август пешкаш шуда, нусхаи он ба дасти хабарнигорони "Вашингтон пост" афтодааст. Интизор меравад, ки Маккристал дар ҳафтаҳои наздик афзоиши нерӯҳо дар Афғонистонро дархост хоҳад кард. Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, гуфтааст, ҳанӯз дар мавриди ирсоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG