Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳои Обама барои сулҳ дар Ховари Миёна


Нишасти сегонаи раисиҷумҳури Амрико бо нахуствазири Исроил ва раҳбари Фаластин кӯшише барои эҳёи музокироти сулҳи Ховари Миёна муаррифӣ мешавад.

Дар изҳороти ҳукумати Исроил омадааст, ки Нетаняҳу даъвати Обамаро самимона истиқбол намудааст. Мақомоти расмии фаластиниён низ таъйид карданд, ки Маҳмуд Аббос дар ин вохурӣ ширкат хоҳад варзид.

Кохи сафед мегӯяд, пеш аз нишасти муштарак Обама бо Нетаняҳу ва Аббос мулоқотҳои ҷудогона хоҳад дошт. Хабар дар бораи нишасти мазкур дар ҳоле нашр шуд, ки фиристодаи вижаи Амрико дар Ховари Миёна Ҷоҷр Митчел ҳафтаи гузашта аз минтақа дидан карда бори дуввум бо ҷонибҳои қазия музокирот анҷом дод.

Аммо тибқи хабарҳо, музокироти Митчел ягон натиҷае набахшид ва вай натавонист ихтилофҳои мавҷуда миёни Исроилу фаластиниҳоро аз байн барад. Ҳукумати Амрико ва фаластиниҳо талаб доранд, ки Исроил бояд ба бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар қаламравҳои ишғолии фаластинӣ хотима диҳад. Аммо Исроил ин талабро қатъиян рад мекунад ва чанде пеш иҷоза дод то 450 манзили нав дар Каронаи Бохтарии руди Урдун бунёд шавад. Дар айни ҳол дар ин минтақа дастикам ду ҳазору панҷсад сохтмони бунёдшуда ва нотамоми исроилӣ мавҷуд аст.

Нетаняҳу қаблан пешниҳод карда буд, ки бунёди шаҳракҳо ба мӯҳлати чанд моҳ муттавақиф шавад, аммо на дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ, ки фаластиниҳо онро пойтахти ояндаи кишвари худ мехонанд. Дирӯз дар шаҳри Қоҳираи Миср Маҳмуд Аббос ба хабарнигорон гуфт, ки ҳаракат ба самти пеш ба хотири мушкилиҳо ғайриимкон аст.

Рӯзномаи “Лос-Анҷелес таймс” менависад, ки пеш аз эъломия дар бораи нишаст мақомдорони фаластинӣ гуфта буданд, ки Аббос майл надошт ҳатто фақат барои расмӣ фишурдани даст бо Нетаняҳу вохурад. Онҳо иттило доданд, ки Аббос даъвати Кохи сафедро барои ширкат дар музокироти сеҷониба рад нахоҳад кард, аммо то замоне, ки Исроил дар мавриди шаҳракҳои яҳудинишин мавқеашро тағйр надиҳад, чунин дидор маъние нахоҳад дошт.

Ин дар ҳолест, ки фиристодаи Амрико дар умури Ховари Миёна Ҷорҷ Митчел эълом намудааст, ки нишасти тарҳрезишуда як аломати дигари он аст, ки Обама амиқан дар сулҳи ҳамаҷониба алоқаманд аст ва мехоҳад дар ин раванд шахсан ширкат варзад. Обама азсаргирии музокироти сулҳи миёни фаластиниҳо ва Исроилро аз ҳадафҳои аслии раёсатҷумҳуриаш эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG