Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаи бозиҳои даври 12-уми сабқати лигаи олӣ


Рӯзҳои истироҳат бозиҳои даври 12-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

«Хуҷанд»-и Хуҷанд бар дастаи меҳмон - «Гвардия»-и Душанбе –бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дод. Воқеъан, дар ин бозӣ Нӯъмон Ҳакимов, ҳамлагари «Вахш», ду гол ба самар расонд ва ӯ бо 12 гол дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқа дар ҷои аввал қарор дорад.

«Энергетик»-и Душанбе дар меҳмонӣ «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Вале дастаи меҳмон - «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – ба бозӣ бо «Истиқлол»-и Душанбе, ки мебоист 19-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар барпо мегашт, ҳозир нашуд. Бинобар ин «Истиқлол» бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб гардид.

Инчунин дастаи «Регар» ТадАЗ-и шаҳри Турсунзода дар ин давр бидуни бозӣ соҳиби се имтиёз шуд. Зеро рақибаш – дастаи «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен - ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар давраи дуввуми мусобиқот даст кашидааст.

Баъди натиҷагирии даври 12-ум дар ҷадвали мусобиқот мисли пешин муддаъиёни аслии унвони қаҳрамонӣ - дастаҳои «Хуҷанд» ва «Вахш» - пешсафанд. Ҳарду 31-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Хуҷанд» дар ҷои аввал ва «Вахш» дар ҷои дуввум қарор доранд.
«Регар» ТадАЗ бо 26 имтиёз дар ҷои севум ва «Истиқлол» бо 23 имтиёз дар ҷои чаҳорум ҷойгир шудаанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 26-уми сентябр

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Хуҷанд»

12

10

1

1

28-7

31

2.

«Вахш»

12

10

1

1

27-11

31

3.

«Регар» ТадАЗ

12

8

2

2

22-9

26

4.

«Истиқлол»

12

7

2

3

23-14

23

5.

«Энергетик»

12

6

1

5

32-18

19

6.

«Равшан»

12

4

2

6

21-21

14

7.

«Парвоз»

12

3

4

5

14-17

13

8.

«Спитамен»

12

1

3

8

9-26

6

9.

«Гвардия»

12

1

2

9

5-36

5

10.

CСKA «Помир»

12

0

2

10

8-30

2


XS
SM
MD
LG