Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин фавт аз зукоми хук дар Русия


Тибқи хабарҳо дар Русия аввалин ҳодисаи фавт аз зукоми хук ба қайд гирифта шудааст. Ба нақл аз Дмитрий Лвов, мудири Пажӯҳишгоҳи вирусшиносии Иваново гуфта мешавад, ки як корманди тиббии рус баъди бозгашт аз Булғористон аз сирояти ангали зукоми хук ба ҳалокат расидааст. Лвов гуфтааст, ин зан пас аз як рӯзи ошкор шудани сироят даргузашт. Ба қави ӯ, фавти зани сироятдида дар аввали моҳи сентябр ба вуқӯъ пайвастааст. Ягон тасдиқи дигари ин сироят дастрас нашудааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи ҷумъаи гузашта хабар дод, ки то ҳол аз зукоми хук 3 486 нафар фавтидаанд.
XS
SM
MD
LG