Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози ҳафтаи нишастҳои байнулмилалӣ


Ҳафтаи нишастҳои байнулмилалӣ бо барномаи ҳамоишҳои марбут ба баҳси ҳастаии Эрон, сулҳи Ховари Миёна ва бӯҳрони ҷаҳонӣ оғоз ёфт. Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, озими Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк шуд, то нахустин паёми худро ба Маҷмаи умумии Созмони Милал баён дорад. Вай ҳамчунин дар мулоқоти сеҷониба бо сарони Исроил ва маъмурияти худгардони Фаластин бо нақшаи эҳёи равнади гуфтушунид ширкат хоҳад кард. Инчунин интизор меравад, Обама бо раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев ва сарони Чину Ҷопон мулоқоти як ба як хоҳад дошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG