Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хоманаӣ: "Эрон дар пайи бомби атомӣ нест"


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ - раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон рад кард, ки ин кишвар дар пайи дастёбӣ ба силоҳи атомист. Вай зимни суханроние, ки аз тариқи телевизионҳои давлатӣ пахш шуд, гуфт, “Эрон аслан силоҳҳои атомиро намепазирад ва тавлиду истифодаи силоҳҳои атомиро мамнӯъ мекунад”. Пештар аз ин баёнияи Алии Хоманаӣ, Ҳилларӣ Клитон – вазири умури хориҷаи Амрико дар рӯзи сешанбеи гузашта гуфт, Эрон бояд дар нишасти оянда бо қудратҳои ҷаҳонӣ ба нигарониҳо доир ба барномаҳои баҳсбарангези атомиаш посух бигӯяд.” Нишасти мазкур рӯзи 1-уми октябр бо ҳузури Амрико, Русия, Чину Бритониё, Фаронсаву Олмон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG