Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай ба Толибон дасти оштӣ дароз кард


Ҳомиди Карзай рӯзи якшанбе дар оғози рӯзи Иди Фитр ба ҷангҷӯёни Толиб дасти оштӣ дароз кард. Вай аз тамоми тундравон тақозо кард, “аз ҷангу вайронии кишвар ва куштани бародаронашон” даст бардоранд. Вай гуфт, онҳо бояд ба хонаҳояшон баргашта ва оромона зиндагӣ кунанд. Ҳомиди Карзай гуфт, дар сурати таъйиди пирӯзиаш дар интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, аз пайи музокироти сулҳ бо Толибон хоҳад шуд. Пештар аз ин дар як баёнияе, ки Мулло Умар – раҳбари Толибон гуфтааст, ки нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ба “шикасти ногузир” рӯ ба рӯ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG