Пайвандҳои дастрасӣ

Обама иддаъои мухолифонашро рад кард


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, ин иддаъоҳоро рад кард, ки мухолифати Русия як сабаби даст кашидани Амрико аз барномаи истиқрори сипари дифоъи мушакиаш дар Аврупо будааст. Барак Обама зимни мусоҳибаи телевизионие гуфт, “Русия тасмимгири чигунагии ҳолати дифоъии Амрико нест.” Амрико рӯзи панҷшанбеи гузашта эълом кард, ки аз истиқрори даҳ мушаки боздоранда дар Лаҳистон ва радарҳои вобаста ба он дар Ҷумҳуриии Чех даст мекашад. Русия ин барномаро, ки дар аҳди Ҷорҷ Буш - раиси ҷумҳури пешини Амрико пешниҳод шуд, таҳдиде ба амнияти миллии худ дониста ва мухолифи истиқрори он мушакҳо буд.
XS
SM
MD
LG