Пайвандҳои дастрасӣ

Исроилу Фаластиниён омодаи мулоқот


Исроилу Фаластиниён даъвати Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, ба нишасти сеҷонибаеро пазируфтаанд, ки ҳадаф аз он гузоштани замина барои эҳёи музокироти сулҳ дар Ховари Миёна аст. Барак Обама – рӯзи 22 сентябр дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню Йорк бо Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири Исроил ва Маҳмуд Аббос - раиси ҷумҳури Фаластиниён, мулоқот хоҳад кард. Дидори сеҷониба билофосила баъди гуфтугӯи як ба яки Обама бо ҳарду раҳбар сурат хоҳад гирифт. Яке аз масоили дардноки баҳс идомаи шаҳраксозиҳои Исроилӣ дар қаламравҳои ишғолии фаластиниён мебошад.
XS
SM
MD
LG