Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев: Исроил нақшаи ҳамла ба Эронро надорад


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, Шимон Перезс-раиси ҷумҳури Исроил ба Русия итминон додааст, ки Исроил нақшаи ҳамла ба Эронро намекашад. Медведев ин нуктаро зимни мусоҳибааш бо телевизиони CNN изҳор дошт. Ин мусоҳиба имрӯз пахш шуд. Ба гуфтаи Медведев, Шимон Перес ин нуктаро дар ҷараёни гуфтугӯҳо дар Сочӣ изҳор доштааст. Медведев мегӯяд, ин ӯҳдадории "хеле муҳим" барои ҷаҳониён аст.
XS
SM
MD
LG