Пайвандҳои дастрасӣ

Хоманеӣ: Мухолифонро бе далел муттаҳам накунед


Имрӯз оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон аз ҷонибдорони ҳукумати ин кишвар хост, ки бидуни далел аъзои гурӯҳҳои мухолифони давлатро муттаҳам накунанд. Вай дар ин маврид ширкаткунандагони тазоҳуроти эътирозии мухолифонро дар назар дорад, ки баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурии 12-ӯми июн баргузор шуд. Вале Хоманеӣ ҳушдор дод ва гуфт, ин суханон бад-ин маъно нест, ки касе дигаронро ба нооромӣ таҳрик кунад.
XS
SM
MD
LG