Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Tojnews вориди шабакаи ҷаҳонӣ мешавад


21-ӯми сентябр дар Тоҷикистон Оҷонси иттиллотии Tojnews вориди шабакаи ҷаҳонии интернет мешавад. Ин оҷонсӣ муттааллиқ ба созмони ғайридавлатии «Индем» дар Тоҷикистон аст. Tojnews мехоҳад дар бозори расонаҳои электронии ҷаҳонӣ бо пахши ахбору чопи матолиби гуногун, аз ҷумла аз матбуоти даврӣ дар бораи Тоҷикистон, маълумоти бештареро дастраси хонандагон созад. Раҳбари ин сомона рӯзноманигор Саймиддин Дӯстов ба радиои Озодӣ гуфт:

"Ҳадафи асосӣ аз пиёда кардани он мавқеъ ёфтан дар муҳити иттилоъотии Тоҷикистон дар бахши тавлиди хабар аст".

Tojnews матолиби худро ба забонҳои тоҷикӣ, ки бахши аслӣ дониста мешавад ва ҳамчунин ба забонҳои русӣ ва англисӣ ба табъ мерасонад. Созмони Индем, ки муассиси нашрияи «Нигоҳ» низ мебошад, муассиси Тоҷниюс эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG