Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонси иттилоотии нави «Tojnews» дар шабакаи ҷаҳонии Интернет саҳифаи ихтисосии худро таҳти ин ном бо забони тоҷикӣ фаъол кардааст.

Оҷонси иттилоотии умумимиллии «Tojnews» аз тарафи созмони ғайридавлатии мавсум ба «Индем» роҳандозӣ шудааст. Саймуддин Дӯстов, раиси созмони иҷтимоии «Индем», дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки сомонаи «Tojnews» беш аз ду моҳ дар марҳилаи озмоиш ва санҷиш қарор дошт ва бо пушти сар кардани ин марҳила акнун шароит фароҳам омад, ки дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ҷои пой пайдо кунад.

Оқои Дӯстов гуфт, бо роҳандозии ин оҷонси итиллотӣ рӯи шабакаи ҷоҳонии Интернет қасд дорад ахбор ва маълумоти санҷидашуда ва бархе аз матолибу мақолаҳои таҳлилии нашрияҳои даврӣ дар бораи Тоҷикистонро пешкаши хонандагон созад.

Раиси созмони иҷтимоии «Индем» ва муассиси «Tojnews» гуфт, ният дорад, оҷонсии ӯ дар расонидани иттилоъ аз сомонаҳои радиои Озодӣ, Би-Би-Си ва сайти «Азия плюс», ки хонандаҳои бештар доранд, кам наояд. Ва ба ин манзур барои танҳо бахши тоҷикии ин саҳифа 14 нафар корманд дорад ва барои бахшҳо бо забони русӣ, англиси, узбакӣ ва низ бо ҳуруфи ниёгон ду нафариро ба кор ҷалб кардааст.

Аммо бо таваҷҷӯҳ ба баъзе мушкилиҳо бархе аз коршиносон мегӯянд, тавфиқ дар кори ин сомона ба ин зудӣ даст нахоҳад дод. Зеро сомонаи интернетӣ ва махсусан оҷонси иттилоотӣ ҳазинаи зиёдеро талаб мекунад.

Аз ҷумла Зафар Абдуллоев, муассиси оҷонси иттилооти «Авесто», ки дар соли 2006 саҳифаеро бо номи "Zamon.tj" роҳандозӣ кардааст, мегӯяд, мушкили аслӣ набуди маблағ аст. Зеро, ба гуфтаи ӯ, саҳифаи интернетӣ дар Тоҷикистон камхаридортарин расонаи электронист.

То кунун дар бозори иттилоотии кишвар сайтҳои оҷонсҳои иттилоотии «Азия плюс» ва «Авесто» ахбору матолибро аз дохили кишвар ва бо забони тоҷикӣ низ мунташир мекунанд. Ҳамчунин сайти расмии «Ховар» низ фаъолият аст.

Зафар Абдуллоев мегӯяд, комёбӣ барои созандагони сайтҳои интернетӣ ва махсусан сайтҳои хабарӣ дар ҳоле даст медиҳад, ки давлат аз он пуштибонӣ кунад ва ё созмонҳаи кӯмакрасон кӯмакҳои худро пайваста идома диҳанд. Аммо дар Тоҷикистон, афзуд оқои Абдуллоев, имрӯз ҳатто дар сатҳи давлат бар аҳамият ва ҷойгоҳи Интернет дар ҷаҳони муосир эътибор надодаанд.

Аммо Саймиддин Дӯстов, муассиси оҷонси «Tojnews», мегӯяд, барои рафъи камбуди молӣ барномаҳоеро рӯи даст гирифтааст, ки яке аз онҳо нашру пахши реклама ва огаҳиҳо бо нархи нисбатан дастрас хоҳад буд. Вай гуфт, ки ҳазинаи солонаи сайташ баробар ба 92 ҳазор доллар аст ва ӯ тавонистааст барои ду сол ин маблағро дастрас кунад.

Созмони ҷамъиятии «Индем» аз соли 2002 дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кардааст. То кунун ин созмон ҳафтаномаи «Нигоҳ»-ро дар Душанбе чоп мекунад. Ва таъсиси оҷонси иттилоотии умумимилии «Tojnews» яке дигар аз тарҳҳои ин созмон барои ворид шудан ба майдони матбуот аст ва қарор аст маросими ифтитоҳи расмии ин сайти интернетӣ дар рӯзи иди Рамазон рӯзи 21 сентябр баргузор шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG