Пайвандҳои дастрасӣ

Нируҳои Амрико ва НАТО тавзеҳот намедиҳанд


Нируҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон аз додани тавзеҳот дар бораи эъломияе, ки гӯё аз ҷониби Мулло Умар-раҳбари Толибон пахш шудааст, худдорӣ карданд. Қорӣ Юсуф-сухангӯи Толибон аз ин эъломия, ки дар сомонаи Толибон ба нашр расидааст, нақли қавл карда ва гуфтааст, эъломияи мазкур воқеист. Дар ин паём, ки Мулло Умар дар робита бо Иди Фитр мунташир сохтааст, иқтибос оварда мешавад, ки нируҳои ғарбӣ дар Афғонистон ба сӯи шикаст мераванд ва онҳо бояд сабақҳо аз тарихи ҷанги Афғонистонро биомӯзанд. Фармондеҳони нируҳои Амрико бар ин боваранд, ки Мулло Умар баъд аз суқути Толибон дар Кобул дар соли 2001 дар кӯҳистонҳои Покистон паноҳ мебарад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG