Пайвандҳои дастрасӣ

Исроилу Фаластин ба мулоқоти сеҷониба розӣ шуданд


Имрӯз раҳбарони Исроилу Фаластин даъвати Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрикоро дар бораи баргузории мулоқоти сеҷониба пазируфтанд. 22-юми сентябр дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ дар Нию Йорк Обама мизбони мулоқоти Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил ва Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин хоҳад буд. Мулоқоти сеҷониба билофосила баъд аз хатми мулоқоти алоҳидаи Обама бо ҳар ду ҷониб баргузор мешавад. Ҳадафи ин дидору гуфтугӯҳо аз сар гирифтани музокироти сулҳи миёни Исроилу Фаластин аст.
XS
SM
MD
LG