Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди Фитр чӣ рӯз аст, имрӯз ё пагоҳ?


Дар 14 кишвари арабӣ Иди Фитр ё Иди Рамазонро имрӯз, якшанбе баргузор мекунанд. Арабистони Саудӣ, Урдун, Миср, Сурия, Ироқ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар Афғонистону Эрон ва Покистон низ имрӯз Иди Фитр аст. Дар Қазоқистону Қирғизистон ҳам имрӯз Иди Фитр идома дорад. Аммо дар Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзи душанбе рӯзи Иди Рамазон ё Иди Фитр эълон шудааст. Дирӯз гурӯҳҳои маъруфи нуҷумшинос дар кишварҳои арабӣ эълон карданд, ки рӯзи шанбе охирин рӯзи рамазон аст. Маъмулан дар ҷаҳони ислом бар ин ақидаанд, ки ҳангоми таъйини чунин ид моҳи нав бояд бо чашми оддӣ дида шавад. Вале соли ҷорӣ донишмандони улуми исломӣ иҷоза додаанд, ки барои дидани моҳи нав аз телескопҳо истифода кунанд.
XS
SM
MD
LG