Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи амри нави раиси ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 дар кишвар ҳамчун соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудааст.

Дар мӯҳлати ду моҳ масъулини риштаи маориф бояд барномаи вижаро дар ин замина тарҳрезӣ кунанд. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф, дар сӯҳбат бо ИТАР-ТАСС дар ин замина гуфтааст, тасмими мазкур далели ин аст, ки низоми маорифи Тоҷикистон бояд ба таври бунёдӣ тавассути фанновариҳои навин беҳбуд ёбад.

Вай гуфтааст, аз соли 1995 то имрӯз маблағгузории риштаи маорифи кишвар 33 дарсад афзоиш ёфта, мактабҳои нави миёнаву олӣ ифтитоҳ ёфтаанд, вале бо ин вуҷуд камбуди омӯзгорон бо сабаби камии маош яке аз мушкилоти аслии ин соҳа, ба вижа деҳот боқӣ мемонад. Вале то куҷо дар давоми як сол мешавад ба ҳамаи ин мушкилот расидагӣ кард?

Имрӯз мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистон бо бештар аз 25 ҳазор компютерҳои ҳозиразамон таъмин гардидаанд, ки ин 72 дарсади барномаи компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумиро дар бар мегирад ...
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахустин бор дар бораи соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудани соли 2010 аввали сентябр дар мулоқоташ бо донишҷӯён хабар дода буд. Ҳадафи аслӣ аз чунин тасмим ин аст, ки “ба соҳаи маорифи кишвар, пешрафти фанновариҳои навину роҳёбии онҳо ба низоми таълими кишвар” таваҷҷӯҳи бештар зоҳир шавад.

Ҷалолиддин Амиров аз Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, дар мӯҳлати думоҳаи таъйиншуда бояд барои расидан ба ин ҳадафҳо барномаи вижа қабул шавад. Вай гуфт, то соли 2010 бояд як барномаи аз қабл оғозшудаи ҳукумат оид ба таъмини мактабҳои ҳамагонӣ бо компютерҳо пурра ба анҷом расад.

Вай афзуд, “имрӯз мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистон бо бештар аз 25 ҳазор компютерҳои ҳозиразамон таъмин гардидаанд, ки ин 72 дарсади барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумиро дар бар мегирад. Ин барнома ҳамоно идома дорад ва бояд то соли оянда ба итмом расад. Ба ғайр аз ин, пайвастшавии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба шабакаи интернет ҳам аллакай хеле дилхушкунанда аст ва як фоизи муайяни мактабҳо ба интернет пайваст гардидаанд”.

Оқои Амиров гуфт, ки дурнамои дигари ҳалталаб ташкили озмоишгоҳу лабораторияҳои фаннӣ дар назди мактабҳо аз рӯи фанҳои дақиқу илмҳои техникӣ, ба мисли физикаву химия, табиатшиносӣ ва математика, таъмини мактабҳо бо техникаи ҳозиразамон мебошад. Ғайр аз ин, гуфт ӯ, бояд таваҷҷӯҳи бештар ба тарзи таълими фани меҳнат дода шавад, ки шогирдонро бо касбҳои ҳунарии мисли чӯбтарошиву коркарди оҳану бетон шинос мекунад.

Оқои Амиров афзуд, ки барои татбиқи ин ҳама барномаҳо дар доираи соли маориф маблағҳои ҳукумат равона хоҳад шуд, ҳарчанд мушаххасан ҳаҷми ин харҷу хароҷот ҳисоб нашудааст. Вай афзуд, ки ба маблағгузории сарикасӣ гузаштани мактабҳо аз имсол эътиборан метавонад ҳамчунин барои ҳалли масоили зиёди муассисаҳои таълимӣ мусоидат кунад.

НИЗОМИ НАВИ МАБЛАҒГУЗОРИИ МАКТАБҲО

Ҷалолиддин Амиров масъули Вазорати маориф гуфт, ки ҷоришавии ин муқаррароти нав маънои онро дорад, ки ҳамакнун мактаб аз лиҳози молӣ дигар побанди шӯъбаи маориф ва ҳукумати ноҳия нашуда маблағ мустақим ба суратҳисоби ин муассисаи таълимӣ равона шавад.

Барои ҳар як хонанда аз буҷаи давлат соле дар ҳудуди 160 сомоиӣ маблағ ҷудо мешавад ...
Дар сурати аз ҷониби муассисаҳои дигари ғайридавлативу ашхоси ҷудогона, волидону тоҷирон ҷудо шудани маблағҳо ҳам ин пулҳо рост ба суратҳисоби мактаб равона мешавад ва мудирият баъдан ин маблағҳоро барои таъмиру тармими синфхонаҳо, харидории таҷҳизоти нав ва ё бунёди синфхонаҳои иловагӣ сарф хоҳад кард.

Масъулияти масрафи ин маблағҳо ба дӯши сарвари мактаб ва шӯрои педагогӣ хоҳад буд. Аз оқои Амиров миқдори маблағҳои барои мактабҳо равонашавандаро суол кардам. Вай гуфт, “ин вобаста ба теъдоди хонандагон аст. Барои ҳар як хонанда аз буҷаи давлат соле дар ҳудуди 160 сомонӣ ҷудо мешавад”.

Аз назари коршиносон, тақрибан даҳ соли пеш бар сари ҳар хонандаи мактаб дар Тоҷикистон дар ҳудуди панҷ-шаш доллар соле ҷудо мешуд, вале ҳоло бо кӯмаки барномаҳои фақрзудоӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои байналмилалии молӣ пуштибонӣ мешаванд, ҳаҷми ин маблағҳо тадриҷан афзоиш меёбад.

МУШКИЛОТИ УМДАИ СОҲАИ МАОРИФ


Роҷеъ ба мушкилоти соҳаи маорифи Тоҷикистон солҳои охир зиёд мегӯянд. Масъалаи рақами аввал камбуди омӯзгорон аст. Соли гузашта, тибқи иттилои расмӣ, дар мактабҳои саросари ҷумҳурӣ беш аз ду ҳазор муаллим намерасид ва камбуди мутахассисонро бештар мактабҳои деҳот эҳсос мекарданд.

Мақомот умед доранд, ки имсол чаҳор ҳазор хатмкардаи донишгоҳҳои омӯзгории кишвар ва муҳассилони курсҳои панҷум, ки тибқи фармони вазир ба мактабҳо сафарбар шудаанд, метавонанд шиддати камбуди омӯзгоронро коҳиш диҳанд. Вале масъала боз ҳам дар камбуди маоши омӯзгорон аст, ки бисёр мутахассисонро аз ин касб дилсард кардааст.

Пеш аз ҳама масъалаи музди меҳнати омӯзгорон аст, ки хеле кам аст. Бисёри омӯзгорон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ё бо корҳои дигар машғуланд ...
Фирӯз Саидов, як муҳаққиқи соҳаи маорифи Тоҷикистон бо зикри ин мушкил мегӯяд, тафовути миёни сатҳи таълим дар шаҳру русто ва дар мактабҳои вижаву муассисаҳое, ки бештар бо таълими қишри нодори ҷомеа машғуланд, солҳои охир аёнтар мешавад.

Вай гуфт, “яке аз мушкилоти риштаи маориф зарурати ҳал шудани ҳам сифат ва ҳам маълумотгирии наврасон, асосан камбизоатон мебошад. Пеш аз ҳама ҳал шудани масъалаи музди меҳнати омӯзгорон аст, ки хеле кам аст. Бисёри омӯзгорон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ё бо корҳои дигар машғуланд. Нарасидани кадрҳои миллӣ ба вижа дар деҳот дар бештарин ҳолат аз ин чизҳо вобаста аст”.

Дар миёни масъалаҳои дигар, аз мактаб дур шудани наздики 50 ҳазор атфол, бештар бо сабабҳои нодорӣ, гаронии таҳсилу маводи хониш гуфта мешавад, ки сол аз сол амиқтар мешавад. Ва аз назари коршиносони бетараф, дар давоми як сол ҳал кардани ин ҳама мушкилот кори сахте хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG