Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти сеҷонибаи Обама роҷеъ ба Ховари Миёна


Кохи Сафед мегӯяд, Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико бо Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил ва Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин дидор ва гуфтугӯ мекунад. Қарор аст, ин мулоқоти сеҷониба рӯзи сешанбе дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ дар Нию Йорк баргузор шавад. Дар як эъломия Кохи Сафед гуфтааст, ин мулоқоти сеҷониба баъд аз мулоқотҳои дуҷонибаи Барак Обама бо раҳбарони Исроилу Фаластин дар назар гирифта шудааст. Ҳадаф аз ин дидору гуфтугӯҳо аз сар гирифтани музокироти сулҳи Ховари Миёна мебошад.
XS
SM
MD
LG