Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Ню Йорк рафт


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои ширкат дар 64-умин нишасти Маҷмаи кулли СММ дар шаҳри Ню Йорк озими Амрико шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар раисиҷумҳурро Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷӣ ва Эркин Раҳматуллоев, мушовири президент дар масоили сиёсати хориҷӣ, ҳамроҳӣ доранд.

Тибқи барномаи сафари ин ҳайат, ҳамчунин ширкати Э. Раҳмон дар як ҳамоиши байнулмилалӣ дар робита ба мушкилоти тағйири иқлим дар назар аст.

Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро аз соли 1992 ҳамчун узви комилҳуқуқи худ шинохтааст ва ҳайати баландпояи Тоҷикистон аз ширкаткунандагони доимии нишастҳои Маҷмаи кулли ин созмон аст.

Феълан дар Тоҷикистон намояндагиҳои якчанд бахши Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Барномаи рушди СММ ва ЮНИСЕФ фаъолият мекунанд.
XS
SM
MD
LG