Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама рушди иқтисодро пешгӯӣ мекунад


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, кишварҳои пешрафтаи санъатии ҷаҳон дар таъмини суботи низоми молӣ дар саросари ҷаҳон ба пешрафт ноил шудаанд. Вай зимни мусоҳибаи худ бо барномаи ҳафтаии радиои Амрико гуфт, ҳанӯз барои иҷоди ҷойҳои корӣ ва таъмини рушд корҳои зиёде бояд анҷом дод. Обама ин суханонро дар остонаи мулоқоти раҳбарони 20 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон изҳор дошт. Ин мулоқот ҳафтаи оянда дар шаҳри Питсбурги Амрико баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG