Пайвандҳои дастрасӣ

Русия дар Калининград мушак насб намекунад


Владимир Поповкин-муовини вазири дифои Русия таъйид кард, ки кишвараш барномаҳои истиқрори мушакҳои кӯтоҳбурди худро дар вилояти Калининград дар наздикиҳои марз бо Полша ё Лаҳистон канор мегузорад. Поповкин ба радиои "Эхо Москви" гуфтааст, истиқрори мушакҳои кӯтоҳбурди "Искандар" баъд аз тасими Барак Обама дар бораи канор гузоштани барномаҳои Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури пешини Амрико дар мавриди истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупои Шарқӣ зарур намешуморад. Русия ба нақшаҳои Буш дар бораи истиқрори 10 мушаки боздоранда дар Лаҳистон ва системи радар дар ҷумҳурии Чех то ҳол мухолиф буд ва таҳдид мекард, ки дар каронаи ғарбии баҳри Балтик мушакҳои Искандари худро насб мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG