Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ташкили ин комиссия аз ҳисоби намояндагони аҳзоби сиёсии кишварро талаби мухолиф бо Қонуни асосии кишвар унвон карданд.

Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари КМИР ба радиои Озодӣ гуфт, ташкили Комиссия ва интихобу таъйини раис, муовин ва аъзои онро Қонуни асосии Тоҷикистон ба салоҳияти раисҷумҳури Тоҷикистон вогузор кардааст. Оқои Додоҷонов гуфт, бо пешниҳоди президент ва дарёфти ризоияти порлумони кишвар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ташкил мешавад. Ӯ гуфт, пешниҳоди аҳзоби сиёсӣ барои ворид кардани ислоҳот дар Қонуни интихоботи Маҷлиси дар ин замина хилофи талаботи моддаи 57-и Қонуни асосӣ аст. Ва ин пешниҳод дар ҳоле пазируфта мешавад, ки меъёри мазкур дар Қонуни асосӣ иваз шавад. Аммо барои иҷрои ин кор бояд ҳамапурсӣ сурат бигирад.

Муҳаммадалӣ Ҳайитов, муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари КМИР амдан ин пешниҳоди аҳзобро мухолиф бо моддаи 57-и Қонуни асосӣ медонад. Зеро аҳзоби сиёсӣ таъмини ширкати баробари аҳзоб дар зинаҳои поёнӣ, яъне, дар маҳалли асосии шумориши овозҳо - комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкаҳои интихоботиро талаб кардаанд.

Тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни Маҷлиси Олиро, ки аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ва аз ҷумла вакилони ҲКТ дар Маҷлиси намояндагон барои хулоса ва муҳокима ба порлумон ва ҳукумат пешниҳод карда буданд, ҳукумат қабул накард. Аз ин рӯ, бештари намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар итминон надоранд, ки баъди ироаи хулосаҳои манфии ҳукумат Маҷлиси намояндагон лоиҳаи пешниҳодии онҳоро қабул кунад. Зеро аксарияти мутлақи курсиҳои порлумон дар дасти ҳизби ҳукмрон аст ва баъид аст, ки ин вакилон иқдоме ба рағми ҳукумат кунанд.

Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ мегӯяд, ҳанӯз умед дорад, ки Маҷлиси намояндагонро дар ниҳояти амр виҷдон бедор мешавад. Зеро, ин ҳайати вакилон ҳатто аз ҲХДТ ба эҳтимоли зиёд ин навбат курсии вакилиро соҳиб намешаванд. Ва шояд дар охири кори худ амалеро анҷом диҳанд, ки боис ба тағйироти куллӣ дар кишвар шавад.

Қонуни Маҷлиси олии Тоҷикистон тайи якуним соли ахир бо ширкати аҳзоб, намояндагони давлат ва созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта ва дар заминаи ин нишасту бархостҳо лоиҳае бо пешниҳодоти нав барои ислоҳоти ин қонун таҳия ва ба ҳукумат ва порлумон пешниҳод шуда буд. Ҳукумат баъди панҷ моҳи омӯзиш ба он хулосаи манфӣ дод, аммо ҳоло дар Маҷлиси намояндагон он мавриди арзёбӣ қарор нагирифтааст.

Интихоботи навбатии порлумонӣ дар Тоҷикистон моҳи феврали соли 2010 баргузор мешавад. Порлумони Тоҷикистон дорои 63 курсӣ аст. 22 -тои ин курсӣ тариқи феҳисти ҳизбӣ ва боқимонда тавассути ҳавзаҳои инфиродӣ ишғол хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG