Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумати Яман ба шӯришини шиа оташбас эълон кард


Ҳукумати Яман ба шӯришиёни шиа, ки дар шимоли ин кишвар бо нируҳои ҳукуматӣ мубориза мекунанд, оташбаси шартӣ эълон кард. Ҳангоми эълони ин отишбас ҳукумат гуфт, чунин кор нишондиҳандаи масъалияти вай дар баробари даъватҳои маҳофили байналмиллалист. СММ ва Амрико дархост кардаанд, ки барои расонидани кӯмакҳои ғизоӣ ва тиббӣ ба ҳазорон нафар шаҳрвандон, ки дар натиҷаи ҷангҳои чанд ҳафтаи ахири миёни шӯришиён ва нируҳои артиш маҳали зисти худро тарк кардаанд, оташбас эълон кунанд. Дар давоми ду ҳафтаи ахир ин дуввумин оташбас аст. Оташбаси аввал баъд аз чанд соъати эълон ноком шуд.
XS
SM
MD
LG