Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СБП миқдори маҳдуди тиллои худро мефурӯшад


Сандуқи Байналмиллалии Пул фурӯши миқдори маҳдуди тиллои худро ба тасвиб расонд, то ба кишварҳои камбизоат кӯмак ва аз вазъи молии онҳо ҳимоят кунад. Ниҳоди иҷроии СБП гуфт, ин ниҳод рӯзи ҷумъа тасмим гирифтааст, ки 403.3 тони захираи худро он гуна ба фурӯш гузорад, ки ба фурӯши тилло дар бозорҳои истеъмолӣ зарар нарасонад. Раиси СБП аз ин тасмим истиқбол кард. Вай гуфт, ҳоло ин ниҳоди молӣ метавонад қарзаҳое дар ихтиёри кишварҳои фақир бигзорад ва дорои худро ба кор дарорад.
XS
SM
MD
LG