Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотили 2 тоҷик дар Твери Русия ҷазо гирифт


Сомонаи додситонии вилояти Твери Русия навиштааст, ҳукми додгоҳ бар зидди Антон Табачков-шаҳрванди 25-солаи шаҳри Твер эътбор пайдо кардааст. Вай барои куштори 2 шаҳрванди Тоҷикистон ба 9 соли зиндон маҳкум шудааст. Табачков ва гурӯҳи 9 нафарии бегонаситезон соли 2005 тибқи нақшаи пешакӣ шабона ин 2 шаҳрванди Тоҷикистонро аз хоб бедор ва ба берун даъват кардаанд. Дар натиҷаи лату кӯби бераҳмона, аз ҷумла ҳамла бо корд, ин ду нафар аз захмҳои зиёд дар бадан дар ҷои ҳодиса ҷон додаанд. Ин сомона навиштааст, ҷинояткорони дигар низ ҷазо дидаанд, вале дар бораи чигунагии ҷазо маълумот дода намешавад. Сомона аз шаҳрвандони кушташудаи Тоҷикистон ном набурдааст.
XS
SM
MD
LG