Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори мақоми милиса дар Исфара


Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ҷараёни тафтишоти куштори сардори бахши кофтукови ҷиноии ноҳияи Исфараро зери назорати шахсӣ гирифтааст.

Сардори бахши кофтукови ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилии рақами яки Исфара, подполковники милиса Саидумар Саидов пас аз зӯҳри 18-уми сентябр дар назди мошини шахсияш дар наздикии манзилаш кушта шуд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД ба Радиои Озодӣ гуфт, подполковник Саидов дар манзилаш таъвизи либос мекунад ва сипас ҳангоме, ки мехостааст либосҳои ивазкардаи худро дар бордони мошини шахсияш, тамғаи Мерседес-Бенс бигзорад, ҳадафи тир қарор мегирад.

Ашхоси номаълум бо истифода аз таппончаи Макаров ба подполковник Саидов ду тир холӣ кардаанд ва яке аз онҳо ба пешонияш. Подполковник Саидов дар ҷои ҳодиса ҳалок мешавад.

Маҳмадулло Асадуллоев аз ироаи маълумоти бештар ва фарзияҳои аввалия ба хотири халал нарасидан ба рафти тафтишот худдорӣ кард ва гуфт, феълан дар маҳалли ҳодиса гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ фаъолият мебарад.

Подполковник Саидов 39 сол дошта, аз тобистони соли 1995 дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият мекардааст.
XS
SM
MD
LG