Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз раҳбарони пулиси Исфара кушта шуд


Бино ба хабари вазорати дохилаи Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа подполковник Саидумар Саидов-сардори бахши кофтукови ҷиноии ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ба дасти афроди мусаллаҳи номаълум кушта шуд. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев-сухангӯи вазорати дохилаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса 18-ӯми сентябри соли равон соати 14:45 дақиқа дар назди хонааш рух додааст. Сӯиқасдкунандагон ба сӯи вай 2 тир холӣ кардаанд ва Саидов аз захми тир дар пешонӣ дар ҷои ҳодиса ҷон медиҳад. То ҳол гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст. Вазорати дохилаи Тоҷикистон як гурӯҳи расидагӣ ба ин ҳодисаро ташкил ва ба ноҳияи Исфара фиристодааст. Сабабҳои куштор рӯшан нашудаст. Абдураҳим Қаҳҳоров-вазири дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, расидагӣ ба ин ҳодисаро зери назари худ мегирад.
XS
SM
MD
LG